АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ беҳтарин китоб дар соли 2025

Имрӯз, 29 декабр дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷоизасупории озмуни “Китоби сол” ва “Рӯзнома ва маҷаллаи беҳтарин” дар соли 2025 баргузор гардид. Вазири фарҳанг Матлубахон Сатториён изҳор дошт, ки соли 2025 барои аҳли фарҳангу адаб, соли бобарор ба ҳисоб меравад. Баргузории озмунҳои “Китоби сол” ва “Рӯзномаву маҷаллаи беҳтарин” барои шоирону нависандагон ва аҳли матбуоти […]
Нашриёти «Адиб» китоби Раҷабалӣ Қудратзода «Фарзанди Осиё»-ро аз чоп баровард

Ба ифтихори 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода нашриёти «Адиб» китоби рӯзноманигор, муҳаррир ва тарҷумон Раҷабалӣ Қудратзодаро бо номи «Фарзанди Осиё» мунташир намуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар». Китоб, ки аз силсилаи мақолаҳои пурмазмуни муаллиф иборат аст, мероси адабии шоири маҳбубу зиндаёдро барҳақ чун сарвати […]
150 номгӯй китоби бадеӣ, илмӣ ва таърихии нашриёти Тоҷикистон ба Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Теҳрон» пешниҳод гардид

150 номгӯй китобҳои бадеӣ, илмӣ ва таърихии нашриёти Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Теҳрон», ки дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон оғоз шуда, то 18 май идома мекунад, ба алоқамандони мутолиа манзур гардидаанд. Ин намоишгоҳ беҳтарин фурсатро барои ҳамкорӣ бо адибону ноширони ин давлат фароҳам меорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати табъу […]
Аз ҷониби нашриёти «Адиб» чор китоб ба нашр расид

Ба ифтихори 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби нашриёти «Адиб» чор китоб аз чоп баромад. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз нашриёти «Адиб» иттилоъ доданд, ин китобҳо «Яке аз ҳазорон»-и Чоршанбеи Деҳнавӣ, «Қумрӣ шишту шоҳин парид»-и Шодӣ Солеҳ, «Ҳунар ва сарнавишти мо»-и Толибҷон Бобоев ва «Хотироти театрӣ»-и Ортиқ Қодир мебошанд. Китобҳо дар доираи […]
Дар бораи мо

Дар солҳои аввали таъсис шуданаш дар «Адиб» шуъбаҳои адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти бадеӣ ба забони русӣ, адабиёти илмиву оммавӣ ва адабиёти кӯдакону наврасон вуҷуд доштанд.
НАШРИЁТИ ИРФОН

«Адиб» — муассисаи давлатии нашриявӣ, ки осори адабӣ-бадеӣ, тарҷумавӣ, бачагона ва танқиди адабӣ интишор мекунад.